ДУШАНБЕ, 11 май – Sputnik. Рақами хатсайри нақлиётии 33 ба 55а иваз карда шуд, эълом кардааст шаҳрдории Душанбе.
Бино ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз санаи 15 майи соли 2021 дар хатсайри микроавтобусии №33 бе тағйири нақшаи ҳаракат, рақами хати сайр иваз мегардад.
"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз санаи 15 майи соли 2021 дар хатсайри микроавтобусии №33 бе тағйири нақшаи ҳаракат, рақами хати сайр иваз гардида, минбаъд ин хатсайр таҳти рақами №55А, бо хатсайри автобуси №55 баробар фаъолият менамояд", - менависад манбаъ.
Гуфта мешавад, фаъолияти хатсайри мазкур тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, танҳо рақами хати сайр аз рақами 33 ба 55А иваз карда мешавад.