Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Пешгӯии мақоми Манижа дар Евровидение - 2021: чандум?

Букмекерҳои байналмилалӣ барои Евровидение - 2021 пешгӯии навро пешниҳод карданд ва ҷойгоҳи Манижиро дар озмун муайян намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Букмекерҳои байналмилалӣ рейтинги Русияро дар Eurovision Song Contest 2021 баланд бардоштанд.
Тибқи пешгӯии таҳлилгарон, сарояндаи тоҷиктабори муқими Русия Манижа, ки имсол Русияро бо суруди Russian Woman дар озсун муаррифӣ мекунад, дар Eurovision - 2021 ҷои 14-умро мегирад.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа матни суруди "Зани рус" барои Евровидение - 2021 - ро иваз кард
Тибқи ҳисобҳои букмекерӣ, коэффисиенти Русия ҳамагӣ 2% -ро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, таҳлилгарон ҷойгоҳи Манижаро дар озмуни Eurovision - 2021 як зина боло бурданд. Қаблан овозхон дар мақоми 15-ум қарор дошт.

Манижа сангин дар Евровидение

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд. Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
“Ин пӯшоки синфи коргар аст”: Манижа интихоби либосро шарҳ дод
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд.
Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад.
Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.