Таркиш ва тирпарронӣ дар мактаби Қазон: теъдоди қурбониён дақиқ мешавад - навор

Ҳоло ҳамаи кӯдакон аз бинои мактаб кӯчонида шуданд
Sputnik
Дар як мактаби миёнаи Қазон таркиш ва тирпарронӣ сурат гирифт. Ҳоло дар ҷойи ҳодиса хадамоти амниятӣ ва ҳамчунин кормандони Ёрии таъҷилӣ қарор доранд.
Дар асоси хабарҳо, таркиш дар бинои мактаби рақами 175 - и шаҳри Қазон дар кӯчаи Файзӣ сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ду шахси номаълум ба дабистон ворид шуда, оташ кушоданд. Аллакай дар бораи 1 қурбонӣ гузориш дода мешавад. Ҳадс зада мешавад, ки теъдоди қурбониёни ин ҳодиса зиёдтар аст.
Афғонистон хун мегиряд: тобути 63 хонандаи ғӯрамаргро дар як теппа пайи ҳам дафн карданд
Ҳоло ҳамаи кӯдакон аз бинои мактаб кӯчонида шуданд.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулода мушаххас мекунанд, ки тирпарронӣ аз ҷониби як наврас кушода шудааст ва ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад.
Тирпарронӣ дар мактаби Қазон дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш яке аз дабистонҳои духтарона дар шаҳри Кобул мавриди ҳамла қарор гирифт.
Бар асари инфиҷори як мошини ҳомили маводи тарканда ва ҳамчунин ду ҳамлаи мушакӣ дасти кам 63 нафар ҷон бохтанд. Аксари кушташудагон духтарҳо буданд.