ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Ба мактаби рақами 175 дар Қазон ҷавони 19 - сола, Илназ Галяев бо як рафиқи худ ҳамла намудааст, ки дар натиҷа дасти кам 11 нафар қурбон шуданд, хабар медиҳад Телеграм- канал Mash.
Манбаъ меафзояд, дар коллеҷе, ки Галяев таҳсил мекард, аз ӯ як шахси оромтабиат ном бурданд, вале ба хотири дарсгурезии пайваста ӯро хориҷ намуданд.
"Ду рӯз пас аз ихроҷ, 28 апрел, Илназ иҷозатнома барои силоҳ гирифт. Ва имрӯз ӯ ба мактаби зодгоҳаш, ки чор сол пеш онро хатм карда буд, ҳамла кард", - менависад Telegram-канали Маш.
Зимнан, наворе ҳам пайдо шудааст, ки Галяев қабл аз ин ҳодиса бо туфангча дар кӯча гаштугузор мекард. Аз навор маълум аст, ки дар роҳ ӯ бо роҳгузаре бо аломати сарҷунбонӣ гӯё салом дода, силоҳашро нишон додааст.
Фоҷеа дар мактаби Қазон
Субҳи 11 май ду ҷавон бо силоҳ ба бинои мактаб ворид шуданд. Аввал онҳо посбонеро, ки онҳоро боздошт карданӣ буд, куштанд, сипас зани фаррошро паронданд ва баъд аз он ба парондани хонандагон шурӯъ карданд.
То ҳол дар бораи 11 марг гузориш дода шудааст. Ҳоло алайҳи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.