Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар рӯди Ганг даҳҳо ҷасади қурбониёни COVID дарёфт шуд

Дар шаҳри Буксар аз рӯди Ганг дасти кам 30 ҷасад дарёфт шудааст, ки аз маризии коронавирус фавтидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар рӯди Ганг даҳҳо ҷасади қурбониёни коронавирус дарёфт шудааст, менависад рӯзномаи The Times of India.
Танҳо дар шаҳри Буксар аз дарё 30 ҷасад дарёфт шудааст, ки маҳз аз коронаиврус фавтидаанд. Мақомдорони ин шаҳр мегӯянд, ҷасадҳо шояд аз иёлати ҳамсоя омада бошанд. Аммо сокинон бар ин боваранд, ки мардум аз деҳаҳои назди соҳилӣ ба хотири гарон будани маъракаи сӯзондани мурдаҳо, ҷасадро ба дарё ҳаво медиҳанд.
Бедодгариҳои коронавирус дар Ҳиндустон: ҷасадҳо дар кӯчаҳо сӯзонида мешаванд - видео
Шоҳидони айнӣ инчунин изҳор доштанд, ки ба дарё аз сад ҷасад бештар партофта шудааст. Ин ҳолат боиси ваҳми мардум гардидааст, зеро онҳо аз паҳншавии сироят бим доранд.
Манбаъ меафзояд, мақомот аллакай ба тоза кардани дарё шурӯъ кардаанд ва ҷасадҳои беруноварда аз ҳисоби хароҷоти ҳукумат сӯзонида мешаванд.
Маври ба зикр аст, ки Ҳиндустон ҳоло аз рӯи шумораи сироят аз маризии коронавирус дар ҷаҳон дар мақоми дуввум қарор дорад.
Шумораи умумии беморони COVID-19 дар кишвар аз 22,2 миллион нафар расидааст.