Ҳамроҳ: Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба тамошои гузашти низомӣ омаданд - видео

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол дар таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ дар Маскав, меҳмони фахрӣ аст
Sputnik
Президенти Русия Владимир Путин ва кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ ба майдони Сурх барои тамошои гузашти низомӣ омаданд.
Имсол Эмомалӣ Раҳмон меҳмони фахрии чорабинии тантанавӣ дар Майдони Сурх гардид.
Сарвари Тоҷикистон дирӯз дар доираи сафари расмӣ вориди Маскав шуд.
Гузашти низомӣ дар Рӯзи Пирӯзӣ дар Маскав - пахши мустақим
Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна Путин ва Раҳмон якҷоя ба назди трибунҳо мераванд.
Имсол дар гузашти низомии Рӯзи Пирӯзӣ, 12 ҳазор хизматчӣ ва тақрибан 200 адад техникаи ҳарбӣ иштирок мекунанд.
Раҳмон ва Путин ба майдони Сурхи Маскав ҳозир шуданд
Ғайр аз ин, 76 чархбол ва ҳавопаймо дар осмон парвоз хоҳанд кард.
Раҳпаймоиро вазири дифоъи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу ва Парадро фармондеҳи кулли нерӯҳои заминӣ, генерали артиш Олег Салюков роҳбарӣ мекунанд.