ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik.Президенти Русия Владимир Путин ва кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба гузашти низомӣ ба ифтихори 76-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, омаданд.
Имсол Эмомалӣ Раҳмон меҳмони фахрии чорабинии тантанавӣ дар Майдони Сурх гардид.
Сарвари Тоҷикистон дирӯз дар доираи сафари расмӣ вориди Масккав гардид.
Ба гуфти сухангӯи Кремл Дмитрий Песков, ҳузури намояндагони давлатҳои дигар дар ин чорабинӣ дар соли 2021 пешбинӣ нашудааст.
Имсол дар гузашти низомии Рӯзи Пирӯзӣ, 12 ҳазор хизматчӣ ва тақрибан 200 адад техникаи ҳарбӣ иштирок мекунанд.
Ғайр аз ин, 76 чархбол ва ҳавопаймо дар осмон парвоз хоҳанд кард.
Раҳпаймоиро вазири дифоъи Русия, генерали артиш Сергей Шойгу ва Парадро фармондеҳи кулли нерӯҳои заминӣ, генерали артиш Олег Салюков роҳбарӣ мекунанд.
Бегоҳ дар Маскав оташбозӣ хоҳад шуд, ки дар он даҳ ҳазор салют истифоад мешавад.