ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи президенти Русия Владимир Путин бар пояи оромгоҳи Сарбози Номаълум гулчанбар гузошта хотираи қурбониёни ҷанги солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд.
Ҳамин тавр, кишвардорон дар назди Оташи ҷовидон гулдастаҳои садбарги сурхро гузоштанд ва бо дақиқаи хомӯшӣ хотири қурбониёни ҷангро пос доштанд.
Пас аз он, собиқадорон хотираи сарбозонро дар назди қабри Сарбози Номаълум гиромӣ доштанд.
Ҳамасола дар Русия Рӯзи Пирӯзӣ - 9 май бо гузашти низомӣ ва барномаҳои бошукӯҳ таҷлил мешавад.
Имсол Эмомалӣ Раҳмон меҳмони фахрии чорабинии тантанавӣ дар Майдони Сурх гардид.
Сарвари Тоҷикистон дирӯз дар доираи сафари расмӣ вориди Маскав шуд.
Ёдрас мешавем, ки соли 2020 бо қарори президенти Русия Владимир Путин дар бастагӣ бо ҳамагирии коронавирус гузашти низомӣ аз 9 май ба 24 июн гузаронида шуда буд.
Он замон дар таҷлили ин иди бошукӯҳ - ба Маскав сарони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Абхазистон, Белорусия, Босния, Қазоқистон, Молдова, Сербия ва Осетияи Ҷанубӣ омада буданд.