ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин зимни мулоқот бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми Тоҷикистон дар пирӯзӣ бар фашизмро арзёбӣ кард.
Кишвардори Русия гуфт, ин пирӯзии умумӣ ва ҷашни муқаддас аст.
"Ман медонам, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тақрибан сеяки тоҷикистониёне, ки ба ҷанг рафта буданд, барнагаштанд, қурбон шуданд. Аз Тоҷикистон бисёр Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандагони ордени Шӯҳрат ҳастанд", - гуфт президенти Русия.
Ӯ дар хитоб ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, медонад, ки президенти Тоҷикистон шахсан ба ин ид ҳамчун ба як ҷашни муқаддас муносибат мекунад.
"Ин Ғалабаи умумии мост, ин иди умумии мост", - хулоса кард Владимир Путин.
Дар навбати худ, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми Русияро бо 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба муборакбод гуфт.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон дар Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам дар фронт ва ҳам дар ақибгоҳ саҳми бузург гузошт.
Ҷумҳурӣ он замон 1,5 миллион нафарӣ наздики 300 ҳазор фарзандонашро ба фронт фиристод, ки наздик ба 100 ҳазор нафарашон барнагаштанд.
Дар ақибгоҳ низ тоҷикистониён барои таъминоти фронт қаҳрамониҳо нишон доданд. Аз ҷумла дар он замонҳои мушкил ба фронт 650 ҳазор тонна ғалладона, 178 ҳазор тонна нахи пахта, ҳазорҳо мошин фиристод ва ба Хазинаи мудофиа ва силоҳсозӣ зиёда аз 1 миллиард рубли шӯравиро интиқол дод.
Аз миёни иштирокдорони ҶБВ аз Тоҷикистон беш аз 56 ҳазор нафар мукофоти гуногун гирифта, зиёда аз 60 тоҷикистонӣ соҳиби унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шудаанд. Ёдгориҳои қаҳрамониҳои он замон ва шаҳидони роҳи дифоъ аз Ватан имрӯз низ дар саросари Тоҷикистон зиёд аст.