Путин куҳансарбозро дар гузашти низомӣ "гарм" кард - видео

Президенти Русия Владимир Путин ба собиқадори ҷанг ҳангоми гузашти низомӣ, кӯмак кард
Sputnik
Президенти Русия Владимир Путин ба собиқадори ҷанг ҳангоми гузашти низомӣ, кӯмак кард.
Ин навори фавран дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Аз видео дида мешавад, нишон чӣ гуна Путин ҳангоми раҳпаймоии низомиён ба як собиқадори ҷанг барои рост кардани ҷомааш, ки аз китфаш лағжида буд, кумак кард.
Дар видео инчунин дида мешавад, ки собиқадор ба Путин барои ташвишаш ташаккур мегӯяд.
Ҳавои Маскав имсол барои гузашти низомӣ ба муносибати 76-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ, хунук омад.
Ҳарорати ҳаво аз 10 ° С зиёд нест, вазиши шамол дар ҷойҳо дар як сония ба 8 метр мерасад.
Ҳавошиносон инчунин аз бориши борони шадид ҳушдор медиҳанд.