ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik Сарояндаи тоҷиктабори муқими Русия Манижа Сангин, матни сурудаш, барои Eurovision - 2021-ро тағйир дод.
Муаллиф дар ин бора зимни нишасти хабарие гуфт, ки дар Роттердам баргузор шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ, яке аз рӯзноманигорон таваҷҷӯҳро ба версияи нави матни суруди Russian Woman ("Зани рус") ҷалб кард.
Ҳамин тавр, Манижа ибораро дар сатри "Шумо қавӣ ҳастед, то аз девор биҷаҳед" ба "деворро рахна кунед" иваз кард.
Пас аз саволи намояндаи ВАО, сароянда ислоҳи нусхаи аслии композитсияро тасдиқ намуд.
"Ман фикр кардам, ки не, мо аз девор намеҷаҳем, мо барои шикастани девор омадаем. Барои ҳамин ман матнро иваз кардам", - гуфт Манижа.
Қаблан, овозхон дар арена Ahoy, ки дар он марҳилаи аввали озмуни Eurovision - 2021 баргузор мешавад, тамрин гузаронд. Сабти ҳунарнамоии ӯ дар шабакаи расмии созмон дар YouTube пайдо шуд.
Овозхон бо либоси ғайриоддӣ - пироҳане аз пораҳои матоъ, ки аз тамоми минтақаҳои Русия фиристода шуда буд, рӯи саҳна баромад. Ва баъдтар ба назар мерасад, ки Манижа аз либоси азим "берун омада" ҳунарнамоиро бо як ҷомаи сурх идома медиҳад.
"Ман намехостам, ки дар саҳна хеле зебо бошам. Ман мехостам қаҳрамонони синфи коргар, занони синфи коргарро, ки барои муваффақ шудан саъй мекунанд, муаррифӣ кунам", - гуфт Манижа.
Тамрини навбатии сароянда дар арена Ahoy рӯзи 12 май баргузор мешавад. Пас аз он, вохӯрӣ дар формати Meet & Greet баргузор мешавад, ки дар чорчӯби он баъзе мухлисон метавонанд на танҳо бо Манижа сӯҳбат кунанд, балки имзои ӯро низ гиранд.
Манижа дар Евровидение - 2021
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд.
Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд.
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд.
Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад.
Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.