ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Бо қарори Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода аз вазифаи раиси Кумитаи парлумон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ низ озод карда шуд.
Маҳмадтоҳи Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ахир, зимни таъриф аз Холиқзода ӯро бо Ифтихорнома қадрдонӣ кард.
Қатъи ваколатҳои Холиқзода дар ҳолест, ки ӯ 27 апрели соли 2021 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президент таъйин гардид.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Абдураҳим Холиқзода 2 майи соли 1968 дар ноҳияи Вахш таваллуд шуда, соли 1994 Университети давлатии Тоҷикистонро ҳамчун ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм намудааст.
Доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 30 китобу рисолаҳои илмӣ мебошад, омадааст дар ҳолнома. Ӯ ба ҳайси парастори мактаб – интернат, муаллим, ноиби декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ кор кардаст.
Аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон фаъолият дошта, аз 1 марти 2015 то ҳол вакили парлумон буд. Оиладор, соҳиби шаш фарзанд мебошад, омадааст дар ҳолномаи Холиқзода.