Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузошт.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар ин маросим ҳамчунин, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, сарвазири Тоҷикистон, вазири мудофиа, собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ ва намояндагони дигар мақомотҳо ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузоштанд.