ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳар ду ноболиғ назди обанбор бе назорати калонсолон қарор доштаанд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки нимаи дуюми рӯзи 6 май ба нуқтаи навбатдории Кумита хабар расид, ки дар обанбори Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Фирдавсӣ як кӯдак ғарқ шудааст.
“Вақте наҷотбахшони Кумита ба ҷойи ҳодиса омаданд, маълум шуд, ки ғарқшуда - ноболиғи 12-солаи сокини пойтахт бо дӯстонаш дар ҷойи барои оббозӣ пешбининашуда ба об даромада, базудӣ ғарқ шудааст”, - таъкид доштааст КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, бо ёрии ғаввос (водолаз) ҷасади писарча аз об берун оварда шуда, ба наздиконаш супурда шуд.
Инчунин ба иттилои КҲФ, ҳодисаи дуюм дар минтақаи ноҳияи Шоҳмансур дар соҳили дарёи Кофарниҳон рух дод.
“Ҳангоми бозӣ дар соҳил сокини 7-солаи Душанбе ба об афтода, маҷрои тези об дар сонияҳои башумор ӯро зери об мекашад. Наҷотбахшони Кумиита дар пойтахт фавран ба корҳои ҷустуҷӯ оғоз намуда, лекин аз он натиҷае ҳосил нашуд. Корҳои ҷустуҷӯ идома доранд”, - қайд кардааст КҲФ.
Манбаъ зикр аст, ки дар зарфи 4 моҳи соли 2021 дар дарёву кӯл ва дигар обанборҳои ҷумҳурӣ 19 нафар ғарқ шуд: синни то 4 сола - 5 нафар, аз 5 то 10-сола - 2 нафар, аз 11 то 16-сола - 2 нафар, аз 17 то 35-сола - 6 нафар ва синии аз 35-сола боло 4 нафар.
Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба волидон хотиррасон менамояд, ки кӯдаконро беназорат нагузошта, қоидаҳои бехатариро ҳангоми ҳузур доштан назди обанборҳо ва дар об риоя кунанд. Оббозӣ кардан дар ҷойҳое, ки бо шароити зарурӣ таъмин нашудааст, манъ аст.