Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия

Бархе аз ҷузъиёти ҳунарнамоии Манижа дар Евровидение – 2021 ошкор шуд

Дастаи Манижа ҷузъиёти ҳунарнамоии наздики овозхонро дар саҳнаи Ahoy Arena дар Роттердами Ҳолланд ифшо карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 май - Sputnik. Манижа, зодаи Тоҷикистон, ки Русияро дар Евровидение - 2021 муаррифӣ мекунад, рӯзи 8 май нахустин тамринашро дар Роттердам баргузор хоҳад кард.
Дар ин бора намояндагони овозхон дар сӯҳбат бо "Российская газета" хабар доданд.
Айни замон, Манижа омодагиҳояшро барои иштирок дар Евровидение - 2021 дар шаҳри Маскав ба анҷом расонид. Қарор буд, Манижа санаи 6 май ба Нидерландия сафар мекард, аммо санаи сафари ӯ каме тағйир ёфт.
Ҳамин тавр, рӯзи 8 май ҳунарманд на танҳо тамринҳои нахустинро дар саҳнаи Ahoy баргузор мекунад, балки барои рӯзноманигорон ва мухлисони аврупоӣ низ нишасти матбуотӣ доир хоҳад кард.
Маълум аст, ки гусели расмии овозхон ба Роттердам дар фурудгоҳи Маскав ба нақша гирифта нашудааст. Аз ВАО танҳо гурӯҳи наворбардори яке аз телевизионҳои марказӣ ҳузур хоҳанд дошт.
Дастаи Манижӣ гуфт, ки тамринҳо дар майдон рӯзи 12 май аз сар гирифта мешаванд.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Ман зебо ҳастам": мусоҳибаи Манижа бо созмондиҳандагони Евровидение
Дар ин рӯз, Манижа на танҳо нишасти дуввуми матбуотӣ баргузор мекунад, балки бо мухлисон дар формати Meet & Greet дидору гуфтугӯ мекунад.
Ғайр аз ин, намояндагони Манижа баъзе ҷузъиёти баромади ӯро дар Евровидение - 2021 ошкор карданд.
Андрей Сычев дар Роттердам коргардони барномаи консертии суруди Russian Woman интихоб шудааст. Ин яке аз эҷодкортарин коргардонҳои Русия аст, ки бо ҳунармандони маъруф ҳамкорӣ кардааст.
Ҳангоми иҷрои " Russian Woman", чаҳор вокалсаро, ки аз навори суруд ошно ҳастанд, Манижаро дар саҳна ҳамроҳӣ мекунанд. Дар гурӯҳи сароянда аъзои нав нахоҳанд буд.

Манижа дар Евровидение - 2021

Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд. Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
"Хос нест": пешгӯии хитнависи Евровидение дар мавриди имконоти Манижа Сангин
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 8 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.