Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Итиқболи САҲА аз оташбас ва ҳалли низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

САҲА роҷеъ ба оташбас ва ҳалли низои мусаллаҳона дар қитъаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол намуда
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориыаи Тоҷикистон имрӯз мулоқоти маҷозии Вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Ҳелга Шмид сурат гирифт.
Таъкид шудааст, ки дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Масъалаҳои марбут ба вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар меҳвари ин суҳбат қарор дошт”, - қайд кардааст Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Сироҷиддин Муҳриддин дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон иттилоъ дода, доир ба натиҷаи музокироти ду кишвар дар ҳама сатҳҳо бобати ба эътидол овардани вазъ дар сарҳад, аз ҷумла тавофуқот дар мавриди эълони оташбас ва омодагии ҷонибҳо барои ҳалли вазъияти бавуҷудомада аз тариқи гуфтушунид ва бо истифода аз василаҳои сиёсию дипломатӣ маълумот дод.
Истиқболи Арманистон аз оташбас дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қайд карда шудааст, ки Ҳелга Шмид аз тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас ва ҳалли низои мусаллаҳона дар қитъаҳои наздимарзии Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол намуда, ба риояи уҳдадориҳои дар чаҳорчӯби САҲА гирифташуда тавассути идомаи кӯшишҳо ва музокирот барои коҳиш додани шиддати вазъ ташвиқ намуд.
Зимнан Дабири кулли САҲА кумаки ҳамаҷонибаи Созмонро барои мусоидат ба ҳалли мусолиматомези ҳолати бавуҷудомада пешниҳод кард.
Ҳамзамон тарафҳо аз аҳамияти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт, тағйирёбии иқлим, амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа таъкид намуданд.
“ Масъалаҳои ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии ҷомеа низ муҳокима шуданд”, - гуфт манбаъ.
Инчунин, дар мулоқот вазъи Афғонистон матраҳ гардида, саҳми Тоҷикистон ва нақши лоиҳаҳои минтақавӣ дар раванди эҷоди сулҳ ва эҳёи иқтисодӣ дар ин кишвар муҳим арзёбӣ шуданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистон Туркияро аз вазъи марз бо Қирғизистон огоҳ кардааст
Зикр шудааст, ки дар ин маврид нақши Коллеҷи идораи сарҳадии САҲА барои кормандони аршад дар Душанбе дар бозомӯзи онҳо дар масъалаҳои идораи сарҳадӣ дар минтақаи САҲА таъкид гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин қайд намуд, ки Тоҷикистон САҲА-ро ҳамчун платформаи муҳим барои муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо бо Созмон ҳавасманд мебошад.
Тарафайн барои истифодаи имконияти фаровон ҷиҳати густариши ҳамкорӣ дар чорчӯби се ченаки САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ изҳори омодагӣ намуданд.