“1,5 сомонӣ метӣ, бо гап мезанӣ”: ҳабси пулчинаки дағале, ки соҳиби мусофирбар будаст

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавони пулчинак дар мусофирбар хабар дод, ки дар дағалӣ ба мусофирон айбдор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Як нафар донишҷӯ, бо нашри акси мусофирбари хатсайри №54 аз Раёсати умури дохилии Душанбе дархост намуд, то нисбати пулчинаки автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шавад.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки пулчинаки ин мусофирбар ҳангоми фаъолияти корӣ нисбати мусофирон дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.
Ба иттилои котиботи идораи милисаи Душанбе, муайян гардид, ки пулчинак шаҳрванд Авази Расули Нурализода, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Муъминобод ва ҳамзамон соҳибмулки мусофирбари “Мерседес Спринтер” мебошад.
“Зимни пурсиш номбурда иброз дошт, ки дар ҳақиқат санаи 4-уми майи соли ҷорӣ тақрибан соати 7:30 дақиқа ҳангоми ба мусофиркашонӣ машғул шудан, нисбати шаҳрвандон дағалона рафтор намуда, суханони қабеҳ гуфтааст, ки аз ин амали худ изҳори пушаймонӣ намуд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки нисбати Авази Расули Нурализода барои майдаавбошӣ бо қарори додгоҳ, ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шуд. Нисбати ронандаи мусофирбар, Турдиев Бадриддин низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, воситаи нақлиёт аз ҳаққи хизматрасонӣ дар ширкатҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ маҳрум карда шуд.
Ниқоб надоштанд: ҷаримаи 20 ронандаи мусофирбар дар Хуҷанд
Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки нисбати масъули ширкати “Муҳаммадҷон Д” низ, ки хатсайри рақами 54 ба ҳамин ширкат дахл дорад, санади маъмурӣ тартиб дода шуда, огоҳӣ дода шуд, ки минбаъд нисбати сифати хизматрасонӣ ва амалу рафтори ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашони ширкат назорат ва корбариро ба таври қатъӣ ба роҳ монад.