Эълони санаи Иди Фитру вақти намоз: "закотро метавон ба оилаи қурбониён дар марз дод"

Шӯрои уламои Маркзаи исломии Тоҷикистон расман санаи Иди Рамазонро 13 май эълон намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 май - Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо имзои як қарор, санаи Иди Рамазонро расман 13 май муқаррар кардааст.
Қарори Шӯрои уламоро, ки имрӯз қабул шуд, Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукияш нашр кардааст.
Вақти баргузории намози Ид - соати 6:00 муқаррар шудааст.
“Шахсоне, ки молашон ба нисоб расидааст, метавонанд закоти худро дар баробари фақирону ниёзмандон ба хонаводаи шаҳидоне, ки дар роҳи муҳофизати марзу буми Ватан қурбон шудаанду оилаҳои онҳо бесаробон мондааст, бидиҳанд”, - омадааст дар қарор.
Маблағи ҳаққи аъзогии масоҷиди ҷомеъ аз ҳисоби ид 600 сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки ба хазинаи Маркази исломӣ супорида мешавад.
Руҳониён муваззаф шудаанд, ки сарфаю сириштакорӣ барои мардум ташвиқ кунанду худашон низ намунаи ибрат бошанд.
Тоҷикистон расман теъдоди кушташудаҳо ва захмиён дар марзро эълон кард: ном ба ном
Қаблан раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закотро 25 ҳазор сомонӣ муқаррар карда буд, ки аз он 625 сомонӣ закот пардохт карда мешавад.
Шӯрои уламо садақаи фитрро мувофиқи меъёри шаръӣ 6 сомонӣ муқаррар намуд.
"Фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2021 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 360 сомонӣ барои 30 рӯз (барои як рӯз 12 сомонӣ) муайян карда шуд", - таъкид карда буд. манбаъ
Фидяи савмро афроде месупоранд, ки имконияти гирифтани рӯзаро надорад.