Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вокуниши ВКД Тоҷикистон ба иттилооти расонаҳои Қирғизистон: дурӯғ нанависед

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз намояндагони ВАО - и Қирғизистон даъват намудааст, ки аз нашри хабару маълумотҳои бардурӯғ худдорӣ намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Дар расонаҳои Ҷумҳурии Қирғизистон хабарҳо дар мавриди шадид шудани раванди тафтиши шиносномаҳои сокинони қирғизтабори ноҳияи Лахш паҳн мешавад.
Дар робита ба ин, Вазорати умури дохилаи Тоҷикстон бо нашри як изҳорот расонаҳои Қирғизистонро дар паҳн намудани хабарҳои дуруғу носанҷида муттаҳам намудааст.
Агентии Ховар бо такя ба маълумоти сардори маркази мабтуоти ВКД Тоҷикистон Нусрат Маҳмадзода менависад, ки ҳамаи ин иттилоот нодуруст ва аз ҳақиқат дур мебошанд.
"Далелҳои дар ВАО-и Қирғизистон интишорёфта аз ҳақиқат дур мебошанд. Дарвоқеъ, дар ноҳияи Лахш қирғизтаборони дорои ду шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунанд. Ин падидаи муқаррарист. Аммо, ҳолатҳои шадид шудани назорати шиносномаҳо ва ихроҷи шаҳрвандони Қирғизистон вуҷуд надоранд", - омадааст дар хабар.
Зимнан, роҳбари маркази матбуоти ВУД Тоҷикистон аз ВАО даъват мекунад, ки вазъи бидуни ин ҳам мураккабро шадидтар накунанд ва иттилооти носанҷидаро интишор надиҳанд.