Обхезии шадид дар Афғонистон: 34 нафар ҷон бохту 14 кас бенишон шуданд

Аз обхезии шадид минтақаҳое, чун Бадахшон, Бағлон, Ҳирот, Ғор, Дайкунд ва Бамиан сахт зарар диданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Шумораи қурбониёни обхезӣ дар Афғонистон ба 34 нафар расид, хабар медиҳад шабакаи 1TV.
Ба иттилои манбаъ, бар асари ин офати табиӣ дасти кам 14 нафар беному нишон гардиданд.
Қаблан хабаргузории Tolo News бо истинод ба ҳукумати маҳаллӣ иттилоъ дод. ки танҳо дар Ҳирот 13 нафар бар асари обхезӣ ҷон аз даст доданд.
Гуфта мешавад, обхезии шадид дар пайи боришоти шадиди борон сурат гирифт ва аз ин офати батиӣ аз ҳама беш минтақаҳое чун Бадахшон, Бағлон, Ҳирот, Ғор, Дайкунд ва Бамиан зарари калонҳаҷм диданд.
Дар ҳамин ҳол, боронгариҳо дар Афғонистон наёфтаанд ва ҳукуматдорон аз сар задани обхезиҳои навбатӣ ҳушдор медиҳанд.