ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Бо ташаббуси ҷониби Арманистон, рӯзи гузашта суҳбати телефонии вазири тоҷик Сироҷиддин Муҳриддин ва Ара Айвазян иҷрокунандаи вазифаи Вазорати умури хориҷаи Арманистон баргузор гардид.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳамтои худ дар бораи даргириҳои ахир дар марз бо Қирғизистон ва тавофуқи ҳосилшуда дар бораи ба эътидол овардани вазъ маълумот дод.
Манбаъ меафзояд, сиёсатмадори тоҷик дар рафти суҳбати телефонӣ таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ҷонибдори аз роҳи сулҳ ҳал шудани масъалаи марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад.
Зимнан, вазири Арманистон аз раванди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон ва тавофуқи тарафайн роҷеъ ба оташбас истиқбол намуд.
Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо ҳамчунин омодагӣ ба ҷаласаи қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷаи Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзҳои 18 - 19 майи соли ҷорӣ дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд.