ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik.Тибқи иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, президент Дӯстзода Ҳасан Тағдирро аз вазифаи роҳбарии ноҳияи Нуробод озод кардааст.
Котиботи президент, сабаби барканории Дӯстзодаро ба кори дигар гузаштани ӯ шарҳ додааст
Ҳамакнун президент бо як фармон дар ин вазифа Ҷобирзода Додарҷон Пулодро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъин карда таъйин кардаст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон инчунин Зарифзода Почохон Ҳабибуллоро низ бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон озод кардааст.
Зарифзода Почохон Ҳабибулло дар вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳини аз 26 майи соли 2016 то кунун фаъолият мекард.
Тибқи фармони раисиҷумҳур ҳамакнун иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, Гулзода Зафар Шамсудин таъин шудааст.