ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Абдулхайров Искандар Раҷабалиевич дар вазифаи мутахассиси шуъбаи баруйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат кор карда истода даст ба чунин кор задааст.
Манбаъ мегӯяд, номбурда моҳҳои сентябр-октябри соли 2020 аз шаҳрванд Саидмуродов С.Ҳ. барои аз нав тартиб додани шиносномаи техникӣ-ҳавлидории манзили истиқоматии падараш-Саидмуродов Ҳ.Т., воқеъ дар суроғаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Янги-бозор, хонаи 14а маблағи 3000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Абдулхайров И.Р. бо моддаи 324 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Моддаи 324 гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ буда, бар асоси он ба фарди муттаҳам ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо , ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол таҳдид мекунад.