Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Раиси захмишудаи шаҳри Исфара: қирғизҳо аз сангзанӣ сар карда ба тиркушоӣ гузаштанд

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара яке аз захминшудагони муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон аст. Ӯ баъд аз панҷ рӯзи табобат дар Бемористон, розӣ шуд ба Sputnik Тоҷикистон, дар бораи оғози сангзанию захминшавиаш аз зарби тир суҳбат кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май – Sputnik. Раиси шаҳри Исфара зимни суҳбат иброз намуд, ки ду рӯз пеш аз рухдоди муноқиша, ҷониби Қирғизистон шумори зиёди сокинонро дар марз мустақар намуда буд.
Баҳодурзода, гуфт ин манзараро дида қаблан раиси ноҳия ва баъдан раиси вилояти Боткандро, барои бурдани сокинон аз наздикии марз огоҳ кардааст, вале онҳо барои ин бепарвоӣ зоҳир кардаанд.
“Рӯзи 28 апрел мо ба болои обанбор, (ҷониби тоҷикон аз он “Плотина” ном мебаранд, қирғизҳо “Гловной” – шарҳ аз идора), се камераи назоратӣ насб намудем. Дар болои ин обанбор, панҷ камера аз тарафи қирғизҳо насб шудааст. Сарҳадбонони қирғиз барои насби камераҳои мо монеъ шуданд”, гуфт раиси шаҳри Исфара.
Боҳодурзода гуфт, ки масъалаи насби камераҳои назоратӣ аз рӯзи 28 то саҳари 29 апрел идома кард. Кормандони идораи замин ҳатто харитаеро, ки ба ҳудуди кишвари мо таалуқ доштани ин маконро собит мекунад, пешниҳод намуданд.
Бо ин вуҷуд ҳам сарҳадбонони қирғиз монеаи насби камераҳо шуданду бо ҳамин муноқишаро шурӯъ намуданд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Исфара ба оилаҳои зарардида кумаки молиявӣ расонида шуд
“Соатҳои 11- и рӯзи 29 апрел қирғизҳо ба сангпартоӣ муноқишаро сар кардаанд. Ин кор то ду соат давом кард. Тақрибан соати 13:10 буд, ки ҷониби қирғизҳо бидуни огоҳӣ ба тиркӯшоӣ гузаштанд”, гуфт раиси шаҳр.
Баҳодурзода иброз намуд, ки садои тир аз ҷониби қирғизҳо беист баланд мешуд ва мардум намедонистанд, ки худро дар куҷо пинҳон кунанд.
Дар паси обанбор як хандақе буд, ман ба мардум ишора кардам, ки даруни он худро пинҳон кунанд, аммо бехабар аз он, ки дар рӯ ба рӯи силоҳ қарор доштам.
“Вақте, ки худамро ба даруни хандақ ҳаво медодам, тир аз пушт ба тарафи китфи ростам зад. Хунравиро ҳис мекардам, вале то расидан ба он тарафи девор, илоҷи истодан надоштам”, - изҳор намуд, шаҳрдори Исфара.
Баҳоваддин Баҳодурзода, баъди чаҳор соати захминшавиаш нахуст ба бемористони минтақавии Хоҷаи Аъло расонида шуда, баъдан соати 21- и рӯзи 29 апрел ба Бемористони шаҳри Исфара интиқол ёфтааст.
Рӯзи 30 апрел табибон дар шаҳри Исфара ӯро ҷарроҳӣ намуданд. Шаҳрдори Исфара рӯзи 1 май аз Исфара ба Хуҷанд интиқол ёфта ва ҳамон рӯз марҳилаи дуюмини ҷарроҳиро дар Бемористони клиникавии № 1 паси сар намудааст.
Дар ҷараёни гузаронидани ҷарроҳӣ табибон ба гирифтани тир, ки рӯзи 29 апрел дар бадани ӯ дарафтода буд, муваффақ шудаанд.
Табибон низ ваъи ӯро хуб арзёбӣ кардаанд ва гуфта мешавад, пас аз чанд рӯзе мураххас хоҳад шуд.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи шумори кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марз бо Қирғизистон, то ба ҳол расман иттилое ба нашр нарасонидаанд, аммо манобеи маҳаллӣ ба ҳолати шоми 2 май аз кушта шудани ҳудуди 16 нафар ба ҳисоби аскару афсарон хабар медиҳанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Дабири кулли СММ Душанбе ва Бишкекро ба риояи оташбас даъват кард
Теъдоди маҷруҳон беш аз 110 нафар арзёбӣ мегардад. Вазорати тандурустии Қирғизистон эълон кард, ки ба ҳолати шоми 1 май теъдоди кушташудаҳо бар асари даргириҳои марзӣ дар ин кишвар ба 34 нафар ва маҷруҳон 140 нафар шумурда мешавад.
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми 28 апрел аз сангзанӣ сар шуда ба тирпарронӣ табдил ёфт.
Шурӯъ аз рӯзи 1 май комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи аломатгузории марз сари миззи гуфтушунид нишастаанд. Аз 1 май ба ин тараф вазъ дар марз ором аст.