ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Зубайдулло Шомадов, иҷрокунандаи вазифаи сухангӯи раиси шаҳри Исфара, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар умум 55 манзили сокинони наздимарзӣ пурра ва қисман хароб гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ин омор дар пайи таҳқиқи комиссияи вижа аз ҷониби ҳукумати шаҳр тартиб дода шуд..
"Аз теъдоди умумӣ 17 манзили истиқоматӣ пурра хароб ва 38 хонаи дигар ба таъмир ниёз дорад",- афзуд манбаъ.
Тибқи омори пешниҳодкардаи ҳукумати шаҳри Исфара 15 хона ба Ҷамоати деҳоти Ворух, 6 - то ба Ҷамоати деҳоти Сурх, аз Ҷамоати деҳоти Шаҳрак 5- то ва аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бошад 29 хона пурра хароб ва ё қисман зарар дидааст.
Ёдовар мешавем, ҳоло комиссияи вижаи КҲФ низ дар ҷои ҳодисаҳо зарари муноқишаро ҳисоб мекунад.
Ин ниҳод гуфт, дар баробари хона як иншооти ёрирасон ҳам дар ин ноҳия қисман зарар дидааст.
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи апрел шадидтар шуд.Низоъ дар "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, сурат гирифт.
Бишкек итминон медиҳад, ки ин макон ба рӯйхати объектҳои муҳими стратегии Қирғизистон дохил карда шудааст.Душанбе қайд мекунад, ки он дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ин биноро ишғол намуда, ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
То нисфирӯзии 29 апрел вазъ дар сарҳад аз назорат берун шуд ва ба тирпарронӣ байни марзбонони ҷумҳуриҳо табдил ёфт. Бо вуҷуди музокироти сатҳи олӣ, тирпарронӣ дар ҷойҳои интихобшуда то 1 май идома ёфт.
Рӯзи якшанбеи 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.