ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Соҳибкорон ва хайрхоҳони шаҳри Исфара ба сокинони осебдидаи Чоркӯҳ кумаки моддӣ росониданд, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон вакилон, соҳибкорон ва роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳо ба аёдати оилаҳое рафтанд, ки аъзои оилаи онҳо ҳангоми муноқишаи марзӣ фавтидаанд.
Тавре аз маъмурияти шаҳри Исфара хабар доданд, ба 8 оилаи сокинони кушташуда ва 16 оилаи маҷрӯҳон кумаки ғизоӣ расонида шуд.
Дар баробари ин, ба ифтихори моҳи шарифи Рамазон, 10 оилаи дигар, ки маъюбон дар онҳо зиндагӣ мекунанд, маҳсулоти хӯрокворӣ - орд, равған, биринҷ ва шакар дода шуд, афзуд манбаъ.
Тибқи маълумоти пешакии КҲФ Тоҷикистон, дар натиҷаи муноқишаи марзӣ дар ҳудуди се ҷамоати Исфара 14 бинои истиқоматӣ пурра хароб, 2 хона ва 1 иншооти ёрирасон қисман хароб шудаанд.
Гуфта мешавад, аз 28 то 29 апрел даҳҳо снаряди артиллерия ба қаламравҳои чанд деҳаи марзӣ бо Қирғизистон зарба зада шудааст.
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи апрел шадидтар шуд.Низоъ дар "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, сурат гирифт.
Бишкек итминон медиҳад, ки ин макон ба рӯйхати объектҳои муҳими стратегии Қирғизистон дохил карда шудааст.Душанбе қайд мекунад, ки он дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ин биноро ишғол намуда, ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
То нисфирӯзии 29 апрел вазъ дар сарҳад аз назорат берун шуд ва ба тирпарронӣ байни марзбонони ҷумҳуриҳо табдил ёфт. Бо вуҷуди музокироти сатҳи олӣ, тирпарронӣ дар ҷойҳои интихобшуда то 1 май идома ёфт.
Рӯзи якшанбеи 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.
Аз 3 майи соли равон вазъ дар марзи байни ҷумҳуриҳо ором аст. Ҷонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаро ба ҷойҳои доимии худ баргардониданд.
Бино ба маълумоти охирин, аз Тоҷикистон 16 нафар кушта ва беш аз 110 нафар сокинон маҷрӯҳ шуданд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳангоми задухӯрдҳои марзӣ 35 нафар кушта ва 183 нафар маҷрӯҳ шуданд.