ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ҳодисаи мазкур санаи 30-юми апрели соли 2021, рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 46-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Гуфта шудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати вазнин ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
ВКД Тоҷикистон қайд кардааст, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Кормандонимилитсия тафтишоти ин ҳодисаро идома доранд.