ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Хуруҷи нерӯҳои низомии Тоҷикистон ва Қирғизистон марз анҷом ёфт, Иттилоъ додааст Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
"Ҷонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаҳои иловагиро аз хатти сарҳади давлатӣ ба умқи қаламравҳои худ ба анҷом расониданд", - гуфта мешавад дар изҳороти КДАМ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, кори комиссияи муштарак оид ба санҷиши минтақаҳои наздимарзӣ идома дорад.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъкид кард, ки вазъ дар марз бо Тоҷикистон "мӯътадил" боқӣ мондааст. Ҳамин тавр, дар давоми шаби гузашта ягон "ҳодиса ва тирпарронӣ" сабт нашудааст.
Таниш дар марз
Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.
Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.
Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.