Рӯзи 2 май дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1925 дар Сан-Франсиско калонтарин ҳавзи шиноварӣ дар таърихи ҷаҳон ифтитоҳ гардид, ки 305 метр дарозӣ, 46 метр паҳноӣ, ва то 4,26 метр чуқурӣ дошт.
Соли 1933 дар Олмон фаъолияти ҳамаи иттифоқҳои касаба қатъ карда шуд.
Соли 1949 аввалин маротиба дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз майдони "Динамо" гузориши телевизионии бозии футбол сурат гирифт.
Рӯзи 2 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1946 — дар пойтахти Тоҷикистон майдони "Динамо" кушода шуд.
Соли 2001 дар шаҳри Душанбе вохӯрии 11-уми Шӯрои вазирони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид.
Соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба пардохти кумакпулии яквақта ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 Амр имзо намуданд.
Соли 2014 дар шаҳри Минск ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматии Беларусу Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.
Соли 2014 бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Шӯрои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд таъсис дода шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси ҷумҳуриявии "Чолишҳои нав дар соҳаи озодии ВАО дар Тоҷикистон" баргузор гардид.
Соли 2018 Котиби вақти Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Мубашшир Ҷовид Акбар масъалаи вобаста ба таъмини амнияти ду кишвар-Тоҷикистону Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷашнҳои рӯзи 2 май
Дар Мянма – Рӯзи деҳқонон.
Рӯзи 2 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1903 - аввалин кинорежиссёри касбии тоҷик, асосгузори киностудияҳои Душанбе ва Тошканд, Ҳунарманди халқии СССР, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Комил Ёрматов.
Соли 1911 - шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Лауреати Мукофоти Ленинӣ, раиси Кумитаи Шӯравии ҳамбастагӣ бо кишварҳои Осиё ва Африқо Мирзо Турсунзода.
Соли 1915 - олим-филолог, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон Носирҷон Маъсумӣ.
Соли 1928 - академик, арбоби давлатӣ Акбар Махсумов