Путин гирифтани шаҳрвандиро барои қисме аз хориҷиён осон кард: чигуна ва барои киҳо?

Дар Русия низоми гирифтани шаҳрвандӣ барои як гурӯҳи хориҷиён осон мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин низоми гирифтани шаҳрвандиии Русияро барои як гурӯҳи хориҷиён содда кард.
Ин тасмими президент, ҳангоми мулоқоти раҳбари Русия бо аъзои Шӯрои нозирони ташкилот гирифта шуд. Дар ин мулоқот , як иштирокчӣ аз Латвия бо чунин ташаббус баромад кард. Владимир Путин ин идеяро дастгирӣ намуд.
"Имконият барои донишҷӯёни хориҷӣ": Лавров дар бораи самти нави озмуни "Лидерони Русия"
Дар ин росто, кишвардор ба ҳукумат супориш дод, ки механизми додани иҷозат барои истиқомат ё (ВНЖ) - ро ба тариқи соддакардашуда ба як қатор хориҷиён таҳия кунад.
Сухан дар бораи иштирокчиёни даври ниҳоӣ ва ғолибони мусобиқаҳои умумирусиягии "Россия - кишвари имкониятҳо" меравад.
Кремл мегӯяд, кишвардор барои таҳияи ин санад то 1 сентябр муҳлат додааст.
Дастгоҳи президент, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ супориш дода шудааст, ки пешниҳодҳоеро омода кунанд, ки ғолибонро ба тариқи махсус шаҳрвандии Русияро ба даст оранд.
Пешсафии тоҷикон дар гирифтани шаҳрвандии Русия: 64 ҳазор дар як сол
Пештар вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфта буд, озмуни "Лидерҳои Русия" ба Федератсияи Русия дар пешбурди рӯзномаи муттаҳидкунандаи ҷаҳонӣ кумак хоҳад кард..
"Ман мутмаинам, ки самти байналмилалии озмун инчунин дар таҳкими дӯстӣ, эътимод ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо саҳми худро мегузорад. Ҳар сол шаҳрвандони тақрибан 70 давлат дар он ширкат меварзанд", - таъкид кард Лавров.
Вазир афзуда буд, ки ғолибон метавонанд иҷозатномаи истиқоматро ба даст оранд ва тибқи тартиби тезондашуда шаҳрвандони Федератсияи Русия хоҳанд шуд.