Паёмадҳои таркиши бузург дар нуқтаи сӯзишворӣ дар Душанбе - акс

Дирӯз, 1 апрел дар Душанбе дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад.
Sputnik
1 / 11

Бар асари ҳодиса дар масоҳати 90 метри мураббаъ нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо зиёда аз 60 тонна маводи сузишворӣ оташ гирифт

2 / 11

Сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишвории мутааллиқи ширкати TCH ба вуқуъ пайваст

3 / 11

Ин иншоот комилан ба коми оташ рафт.

4 / 11

Аввал, як ду-се дақиқа дуд баромаду сипас таркиши қавие иттифоқ афтод

5 / 11

Дар натиҷа ҳатто ба муддате ҳаракати роҳ дар кӯчаи Зарафшон, наздики масҷиди мавсум ба “Мехкалон” баста шуда

6 / 11

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сӯхтор ва таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанберо шарҳ дод

7 / 11

Сӯхтор бар асари нақзи қоидаҳои бехатарӣ рух дод

8 / 11

Ҳатто биноҳои истиқоматие, ки дар наздикии нуқтаи сӯзишворӣ буданд, осеб диданд

9 / 11

Дар натиҷа 11 кас ҷароҳат бардоштанд

10 / 11

Мақомот вазъи захмиёнро шарҳ надодаанд

11 / 11

Хисороти молии ҳодиса низ муайян карда нашудааст