ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз маҳалли ҳодиса мегӯянд, ин инфиҷор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишвории мутааллиқи ширкати TCH ба вуқуъ пайваста, айни замон ин иншоот комилан дар коми оташ аст.
“Аввал, як ду-се дақиқа дуд баромаду сипас таркиши қавие иттифоқ афтод, ки ҳамаро нороҳат сохт. Ҳоло ҳаракати роҳ дар кӯчаи Зарафшон, наздики масҷиди мавсум ба “Мехкалон” баста шуда, кормандони оташнишонии шаҳр низ дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд”, - гуфт ин манбаъ.
Манобеъ дар бораи хисорот, бахусус талафоти ҷонӣ, иттилое дар ихтиёр надоранд.