ДУШАНБЕ, 30 апрел - Sputnik. Задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд рушд нахоҳад кард.
Дар ин бора муовини вазири мудофиаи Русия, Андрей Картаполов дар суҳбат ба хабарнигорон изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, хатари шиддат гирифтани муноқиша мавҷуд нест, чун дар ҳоли ҳозир вазъ дар манотиқи марзӣ ба эътидол омадааст.
Картаполов таъкид кард, ки дар минтақа барои пешгирии шиддати авзо чораҳои зарурӣ андешида шудаст.
"Гузашта аз ин, фармондеҳии округи Марказӣ вазъро назорат мекунад ва дар сурати зарурӣ омода аст ба таври иловагӣ вокуниш нишон диҳад", - гуфт сухангӯи Вазорати дифои Русия.
Вай афзуд, ки ҳеч далеле барои нигаронӣ дар мавриди муноқиша байни кишварҳо "имрӯз" вуҷуд надорад.
Қаблан Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват карда буд, ки барои пешгирии муноқишаҳои нав чораҳои фаврӣ андешанд. Маскав созишномаи оташбасро, ки кишварҳо ба даст овардаанд, тасдиқ кард.
Чанде пеш, Вазорати умури хориҷаи Русия дар бораи даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон вокуниш нишон дод.
Вазорати умури хориҷии Русия дар изҳороташ аз Қирғизистон ва Тоҷикистон даъват кард, тамоми чораҳо барои пешгирӣ аз даргириҳои нав дар марзро андешанд.
"Маскав аз Қирғизистон ва Тоҷикистон даъват меорад, ки ихтилофҳоро бо роҳи гуфтушунид ҳал кунанд, қарори ҷонибҳоро дар бораи ташкили гурӯҳи кории муштарак ҷонибдорӣ мекунад ва омода аст, ҳама гуна кумакро барои ҳалли масоили баҳсӣ расонад", - омадааст дар изҳороти ВКХ Русия.
Пештар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шиддат гирифтани вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард.
Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар робита ба вазъи мавҷуда бо сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом дод.