Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

28 - сола ва падари се фарзанд: афсаре, ки дар марзи Қирғизистон кушта шуд

Погибший солдат в столкновениях между Таджиками и Кыргызами
Муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба фавту захмӣ шудани чандин нафар аз ҳар ду ҷониб оварда расонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Муноқишаи сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 апрел ба муқовимати мусаллаҳона гузашт. Дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб чандин нафар ҷон бохтанду шумораи зиёди одамон захм бардоштанд.
Ба маълумоти расмӣ, дар ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон дасти кам 8 нафар ҷон бохтанд ва ҳудуди 110 кас ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Аммо маълумоти ғайрирасмӣ арқоми тамоман дигарро пешниҳод мекунад. Бар тибқи манбаъҳои тасдиқношуда, муноқишаи мусаллаҳона дар марз мӯҷиби ҳалокати 20 нафару захм бардоштани 160 кас гардидааст.
Военнослужащие Кыргызстана на территории приграничных кыргызских сел в Баткенской области, где идет конфликт с Таджикистаном. 29 апреля 2021 года
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Оташбас нақз шуд: дар ҷамоати Кулканд боз тирпаронӣ сурат гирифт
Зимнан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси сарбозе чарх мезанад, ки аз тири низомиёни Қирғизистон ҷон бохтааст.
Корбаре бо номи Амриддин Гадоев, ки ҳамнасаби низомии марҳум аст ва шояд пайвандии хешу таборӣ ҳам доранд, акси ӯро нашр намудааст.
Марҳум, Гадоев Салоҳиддин Раҳмоналиевич мебошад, ки бегоҳи рӯзи гузашта дар назди марзи Қирғизистон аз тири силоҳи оташфишон ҷон бохтааст.
Ба навиштаи корбар, Салоҳиддин 28 сол дошта, падари се фарзанд аст.
Бино бар хабарҳои дарёфтӣ, Гадоев фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ будааст. Аммо пас аз сар задани низоъ дар марз, ӯ фавран ба Исфара фиристода шудааст.
Марҳум хатмкардаи Донишгоҳи қувваҳои сарҳадии Қазоқистон буда, ду сол пеш аз ВМКБ ба вилояти Суғд сафарбар шуда буд.
Феълан, дар асоси хабарҳои охир, теъдоди кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳар ду ҷониб то 23 нафар ва теъдоди маҷруҳон ба беш аз 245 кас арзёбӣ мешавад.