Зодрӯзи Қимматшо Ҳимматшоев: рӯзи 30 апрел дар таърих

Рӯзи сиюми апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҷаз ва Рӯзи сӯхторхомӯшкунандагон дар Русия ҷашн гирифта мешавад
Sputnik

Рӯзи 30 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1789 Ҷорҷ Вашингтон бо ҷонибдории ҳамаи овозҳо аввалин президенти ИМА интихоб шуд.
Соли 1939 намоишгоҳи баналмилалии саноатӣ дар шаҳри Ню-Йорк ифтитоҳ гардид

Рӯзи 30 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1949 Неругоҳи барқи обии "Варзоби Поён" ба кор даромад.
Соли 1963 истгоҳи нави Роҳи оҳани "Душанбе" ба кори худ оғоз намуд.
Зодрӯзи Бобохалил Одинаев ва даргузашти Хакимҷон Ҳазратқулов: рӯзи 29 апрел дар таърих
Соли 2013 дар Душанбе ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Ар-Риёз Форуми байналмилалии иқтисодии "Лигаи давлатҳои араб + Осиёи Марказӣ + Озарбойҷон" ба кори худ оғоз намуд.
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо сафири ИМА Сюзан Эллиотт доир гашт.
Соли 2014 Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020-ро тасдиқ намуд.
Соли 2015 зимни сулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан масоили вобаста ба ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.
Қабули нахустин конститутсияи Тоҷикистон, зодрӯзи Имомзода ва Чақалов: 28.04 дар таърих
Соли 2016 Бонки ҷаҳонӣ рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз рӯи фоизи истеҳсоли неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергияро нашр намуд, ки Тоҷикистон дар он мақоми 6-умро касб кард.
Соли 2018 дар Душанбе созишномаи грантӣ оид ба беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ба имзо расид.

Ҷашнҳои рӯзи 30 апрел

Рӯзи ҷаҳонии ҷаз.
Рӯзи сӯхторхомӯшкунандагон дар Русия.

Рӯзи 30 апрел дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1930 — ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Қимматшо Ҳимматшоев.

Рӯзи 30 апрел кӣ ба дунё омадааст

Соли 1883 — Ярослав Гашек (соли даргузашт. 1923), нависанда ва ҳаҷвнигори чехиягӣ.
Соли 1902 — Теодор Уилям Шултс (соли даргузашт. 1998), иқтисоддони амрикоӣ, ҷоизадори Нобел (1979).
Соли 1962 — Николай Фоменко, мусиқачӣ, овозхон, ҳунарманд, актёр, ровии телевизионӣ, ҳунарманди шоистаи Русия.
Певец Филипп Киркоров, архивное фото
Соли 1967 — Филипп Киркоров, овозхони эстрадӣ, ҳунарманди мардумии Русия.