ДУШАНБЕ, 30 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода субҳи барвақти рӯзи 30 апрел аз Беморхонаи марказии Исфара боздид карда, аз ҳоли захмиёни даргириҳои рӯзи гузашта хабар гирифт.
Раиси вилоят зимни аёдат таъкид кард, ки бо супориши махсуси Президенти кишвар барои барқарорсозии саломатии ҷароҳатёфтагон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят сафарбар гардида, вазъи беморон таҳти назорати ҷиддии масъулон қарор дорад.
“Барои табобати пурраи беморон тамоми дорувории зарурӣ дастрас гардида, ҷароҳатёфтагон бо хӯроки гарму дигар лавозимот таъмин карда шудаанд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28-уми апрел дар наздикии Маркази тақсими об шуруъ шуда, рӯзи 29-уми апрел идома кард. Сокинон якдигарро ба сангандозӣ ва мақомоти марзбонии ду кишвар якдигарро ба шурӯи тирпарронӣ айбдор карданд.
Дар даргирии ду рӯзи охир аз ду тараф даҳҳо нафар захмӣ шудаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи фавти се нафар гузориш дод. Мақомоти Тоҷикистон расман теъдоди маҷруҳон ва ҳалокшудагонро нагуфтаанд.
Пас аз ду рӯзи муноқишаҳои хунин, дершаби 29-уми апрел ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои хатми муноқиша ва оғози гуфтугӯҳо ба созиш расиданд. Тибқи ин созиш, ҷонибҳо муноқишаи мусаллаҳонаро хотима мебахшанд, ҳайати шахсӣ ва таҷҳизоти ҳарбиро ба макони доимии ҷойгиршавиашон бармегардонанд ва барои роҳ надодан ба ташаннуҷи авзоъ чораҳо меандешанд.
Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва танҳо 519 километри онро таъину аломатгузорӣ кардаанд. Боқимонда минтақаҳои баҳсӣ ҳастанд. Ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи назар дар истифодаи обу замин дар минтақаҳои наздимарзӣ шуда, баъзан бо маргу захмӣ шудани сокинон меанҷомад.