ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.
Тавре РИА Новости гузориш медиҳад, ҷонибҳо масъалаи марзӣ, аз ҷумла ҳарчи зудтар паст кардани шиддат дар марзро баррасӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба қарор омаданд, ки нимаи дуюми моҳи май дар Душанбе мулоқот мекунанд. Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон, суҳбат дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, Ҷабборов пойбандияшро ба ҳалли сулҳомези масоили марзӣ таъкид намудааст.
"Ҷониби Қирғизистон ҷонибдори ҳалли масоили байнидавлатӣ тариқи муколама буда, вазъи муътадил дар марзро дастгирӣ мекунад. Бовар дорам, ҳамкории Тоҷикисону Қирғизистон дар заминаи анъанаи бисёрасраи ҳамсоядорӣ миёни ду халқ роҳандозӣ хоҳад шуд", - таъкид намудааст Ҷабборов.
Ҷонибҳо инчунин ба эҳтироми тарафайн ба тамомияти арзии ҷонибҳо таъкид намудаанд.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардидаанд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд.