Пайи тиру туп ва нишонаи ҷанг: муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - акс

Тирандозӣ, оташсӯзӣ, кушташудагон ва захмиён: муноқишаи навбатии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ натиҷа дод
Sputnik
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон санаи 28-уми апрел дубора шиддат гирифт. Сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз ба ҳам сангзанӣ кардаанд ва баъдан 29 апрел ба тирпарронӣ миёни нерӯҳои низомии ду кишвар печидааст.
Миёни сокинони маҳаллӣ иғвоҳо сар заданд: онҳо қасам мехӯрданд ва ба якдигар санг партофтанд. Сипас сокинон ба задухурди марзбонон ҳамроҳ шуданд.
Созиши Ятимов ва Тошиев барои бозпасгирии техникаву нерӯ аз 13:00 ва роҳкушоӣ
Нимаи дуюми рӯз аз ҳарду кишвар техникаи низомӣ ва махсус ба мақони муноқиша оварда шуд. Танкҳо тавассути маҳалҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҳаракат мекарданд.
Дар натиҷаи задухӯрдҳо, баъзе хонаҳо оташ гирифтанд ва аввалин маҷрӯҳон пайдо шуданд, ва баъдтар - кушташудаҳо.
Шоми 29 апрел вазирони корҳои хориҷии ҳарду кишвар сари мизи музокирот нишастанд. Натиҷаи созиши онҳо оташбас аз соати 17:00 бо вақти Маскав шуд, аммо тирпарронӣ то чанд муддате идома ёфт.
Сӯҳбати Раҳмон бо Ҷабборов: президенти Қирғизистон ба Душанбе меояд
Маълум аст, ки ҳоло вазъ дар марз ба эътидол омадааст. Дар давоми рӯз, кишварҳо техникаи низомиро аз минтақаҳои назди марзӣ бароварда хоҳанд шуд ва то шом низоъро комилан ҳаллӣ худро пайдо хоҳад кард.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон ҳашт нафар кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд. 13 шаҳрванди Қирғизистон низ ҷони худро аз даст дод ва 134 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
1 / 10

Дар ҳоли ҳозир, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба эътидол омадааст

2 / 10

Низомиён ба мошинҳои мардуми Чоркуҳ тир андохтанд

3 / 10

Мутаасифона дар ин муноқишаи мусаллаҳона беш аз 20 нафар ҷони худро аз даст дод

4 / 10

Мошини ёрии таъҷилӣ захмишударо ба беморхонаи шаҳри Исфара расонд

5 / 10

Оташи ҷанг ба хонаҳои мардуми Хоҷа Ало расид

6 / 10

Низомиёни тоҷик ба назди марз мераванд

7 / 10

Дар кӯчаҳо техникаҳои низомӣ пайдо шуд

8 / 10

Нерӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба назди марз интиқол дода шуданд

9 / 10

Дидбонгоҳи оташгирифта дар вилояти Бодканд

10 / 10

Низомиёни қирғиз дар назди деҳаҳои наздимарзии вилояти Бодканд ҷамъ омаданд