ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Меҳроҷидин Муҳриддин сокини Ворух буда, рӯзи гузашта дар муноқишаи мусаллаҳона аз тири силоҳ кушта шуд.
Хабари марги ин ҷавонмардро, сардабири ҳафтаномаи СССР, Сайёф Мизроб дар сафҳаи Фейсбукии худ нашр кардааст.
Сайёф акси ин ҷавонмардро интишор карда, дар зер аз Муҳриддин писархонди худ ном бурдаст.
Ба навиштаи ӯ, марҳум хатмкардаи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон буд. Замони донишҷӯи курси 4 - ум будан, таҳсилашро як сӯ гузошта, барои ҳифзи марзу бум, ихтиёрӣ ба хизмат рафт, менависад рӯзноманигори тоҷик.
"Он солҳо аз Донишгоҳи тиб на танхо касе намерафт, ки 99,9% ба донишгоҳ барои нарафтан ба Армия дохил мешуданд", - навиштааст Мизроб.
Зимнан, пас аз адои хизмат ин ҷавонмард боз таҳсилашро идома дод ва номаи камолот гирифтааст.
Сайёф афзудааст, ки Муҳриддини ғӯрамарг қаблан наздаш омада, дуову фотиҳа гирифта буд: "Гуфт, Исфара меравам. Ворух! Марзу буми ватанро дар зодбумам ҳифз мекунам".
Аз ин пеш дар расонаҳои иҷтимоӣ хабари кушта шудани афсари 28 - сола, Салоҳиддин Гадоев паҳн шуда буд.
Марҳум фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи марзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ будааст. Аммо пас аз сар задани низоъ дар марз, ӯ фавран ба Исфара фиристода шудааст.
Марҳум хатмкардаи Донишгоҳи қувваҳои сарҳадии Қазоқистон буда, ду сол пеш аз ВМКБ ба вилояти Суғд сафарбар шуда буд.
Феълан, дар асоси хабарҳои охир, теъдоди кушташудаҳо бар асари даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳар ду ҷониб то 23 нафар ва теъдоди маҷруҳон беш аз 245 кас арзёбӣ мешавад.