Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Захарова: Русия муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро меомӯзад

Вазорати корҳои хориҷаи Русия дар мавриди муноқишаи марзӣ шарҳи нахустин дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир Русия рушди вазъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро пайгирӣ мекунад.
"Бо назардошти он, ки ин ҳолат дар ин лаҳзаҳо рух медиҳад, мо ҳатман бо мутахассисони худ тафтиш карда, дар ҳолати зарурӣ шарҳ хоҳем дод", - гуфт ӯ.
Илова бар ин, Захарова қайд кард, ки феълан омӯзиши ин масъала идома дорад ва танҳо пас аз машварат бо мутахассисон шарҳи худро хоҳем гуфт.
Ёдовар мешавем, ки танишҳои дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз шоми 28 апрел оғоз шудаву имрӯз печида шуд.
Агар дирӯз сокинони Хоҷаи Аъло ва Оқсой ба ҷониби ҳамдигар санг мепартофтанд, имрӯз кор ба тиркушоӣ гузашт.
Феълан вазъияти муташанниҷ дар се деҳаи марзии Тоҷикистон - Соомниён, Хоҷаи Аъло, Чорқишлоқ идома дорад.
Зимнан, чанде пеш нерӯҳои Тоҷикистон дар робита ба муноқишаҳои мусаллаҳона дар марз ба ҳолати вижа гузаштанд.