ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Нерӯҳои иловагӣ ба минтақаи низоъ дар марзи Қирғизистон мустақар карда намешаванд.
Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ меафзояд, дар худи Исфара нерӯҳои кофии Вазорати мудофиа қарор доранд ва дар сурати сар задани нооромӣ ба марз фиристода мешавад.
Низоъ миёни нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон баъд аз зӯҳр шурӯъ шуд.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 13:05 дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии "Головной", воқеъ дар болои дарёи Исфара ва ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара, низомиёни Қирғизистон ба сӯи сарҳадбонони тоҷик оташ кушоданд.
Аммо ҷониби Қирғизистон мегӯяд, тирпаронӣ нахуст аз ҷониби сарҳадбонони Тоҷикистон оғоз шуд.
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи мазкур дар ҳолате рух дод, ки тӯли рўзҳои охир ҷониби Қирғизистон худсарона бандҳои созишномаи қаблан мувофиқашудаи дуҷонибаро бо Тоҷикистон вайрон намуда, нақшаи забти нуқтаи обтақсимкунии "Головной"-ро ба роҳ мондааст.
Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои обёрии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд.