Порсол нашуд, имсол мешавад: рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Аморот

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб мебоист соли гузашта баргузор мешуд, вале ба далели авҷи маризии коронавирус ин чорабинӣ ба вақти номаълум мавқуф гузошта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Интизор меравад, моҳи декабри соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор гардад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Масъалаи баргузории ин чорабинии фарҳангӣ дар мулоқоти маҷозии вазири тоҷик Зулфия Давлатзода ва Нура ал-Каъбӣ, вазири фарҳанги Аморот баррасӣ шуд.
Вазирони фарҳанги ҳар ду кишвар дар равнақ ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону АМА, саҳми кишвардоронро зикр намуданд.
Тоҷикистон парвозҳои байналмилалиро ба АМА дубора барқарор мекунад
Манбаъ меафзояд, тарафҳо лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг миёни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро барасӣ намуда бо роҳҳои дипломатӣ ба ҳар ду ҷониб ирсол мекунанд.
Маврид ба ёдоварист, ки соли 2020 бояд Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардид, вале бинобар сабабҳои паҳн гаштани бемории сироятии коронавирус он мавқуф гузошта шуд.