ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Тавре сомонаи ин вазорати саноат хабар додааст, тавлиди семент дар Тоҷикистон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 55 ҳазор тонна ё 5,6 дарсад афзоиш ёфтааст.
Гуфта шудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 16 корхонаи семент фаъолият мекунад, ки аз зарфияти тавлиди солонаи наздик ба 4 миллион тонна семент бархурдор аст.
Дар соли 2020 Тоҷикистон бо вуҷуди густариши вируси корона 4 миллиону 200 тонна семент тавлид кард, ки 1 миллиону 300 ҳазор тоннаи он ба Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон содир шуд.
Арзиши молии содироти ин миқдори семент дар соли 2020 наздик ба 60 миллион доллар эълом шудааст.
Зикр шудааст, ки имсол ба далели суръат гирифтани раванди сохтусоз дар Тоҷикистон имкони афзоиши тавлиди семент ба беш аз 4,5 миллион тонна вуҷуд дорад.