ДУШАНБЕ, 28 апрел - Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз лабукӯб шудани ду мактабхон аз ҷониби сарҳадбонони қирғиз шадидан изҳори нигаронӣ намудааст.
Дар робита ба ин қазия, рӯзи гузашта, сафири он кишвар дар Душанбе ба вазорат даъват гардид ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супорида шуд.
Ба иттилои котиботи Вазорати умури хориҷа, нотаи эътирозиро муовини вазир Музаффар Ҳусейнзода ба дасти Жениш Рустамбеков додааст.
Гуфта мешавад, аснои супоридани нотаи эътирозӣ, Ҳусейнзода ба сафири Қирғизистон таъкид намудааст, ки ин амали ғайриқобили қабул метавонад ба шиддат гирифтани вазъ дар марз боис шавад.
Муовини вазир аз ҷониби Қирғизистон хост, дар кӯтоҳтарин фурсат озордиҳандаҳои ноболиғони тоҷик дарёфту ҷазои сазовор дода шаванд ва ҳамчунин аз натиҷаи ин кор ҳатман ба мақомоти дахлдори Тоҷикистон хабар расонанд.
Ёдовар мешавем, ки ду хонандаи мактаби ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ҳангоми чаронидани чорво аз сӯи марзбонони қирғиз боздошт ва мавриди латукӯб қарор гирифтаанд.
Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи наздисарҳадии "Тоҷикин"-и ҷамоати Ворух дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи нохуши марзӣ баъд аз зуҳри рӯзи 25 апрел дар мавзеи "Заҳматобод"-и ҷамоат рух додааст.
“Сарҳадбонони қирғиз хонандаҳои мактаби рақами 23 ҷамоати Ворухро дар вақти чаронидани чорво ғайриқонунӣ боздошт намуда ва латукӯб намудаанд. Танҳо баъди дахолати сарҳадбонони кишвар онҳо озод карда шудаанд", - гуфт Ҷӯраев.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло аз рӯи ҳодисаи рухдода нисбати амалкарди сарҳадбонони қирғиз дар прокуратураи шаҳри Исфара мавод тартиб дода шудааст.
Феълан вокуниши тарафи Қирғизистон ба нотаи Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест.