ДУШАНБЕ, 28 апрел - Sputnik. Дар мусоҳиба бо Sputnik Афғонистон Замир Кобулов, намояндаи махсуси президенти Русия оид ба Афғонистон, директори департаменти дуввуми Осиё оид ба корҳои хориҷии Русия дар бораи ҳадафҳои мулоқоти "се гурӯҳи васеъ" дар Доҳа сухан гуфт.
Вай қайд кард, ки бо намояндагони Чин ва Покистон "мо дар бораи кумак ба кушодани ин гиреҳ ва ба маҷрои баҳсҳои созанда ворид кардани ҷонибҳо фикр хоҳем кард."
"Мо кӯшиш хоҳем кард, ки агар имкон бошад формулаи муайянеро таҳия кунем ва ба ҷонибҳои афғон пешниҳод кунем, ки онро баррасӣ кунанд. Агар формула мувофиқат накунад, ин ҳаққи комили онҳост. Онҳо бояд худашон кор кунанд. Аммо дар айни замон, онҳо бояд дарк кунанд, ки мо, давлатҳои бонуфуз дар ҳалли масоили афғонӣ, тасмим гирифтаем, ки ҷанги шаҳрвандиро дар ин кишвар хотима диҳем", - гуфт сиёсатмадор.
Кобулов илова намуд, ки ҳадафи асосӣ дигарбора мустақил кардани Афғонистон, бидуни терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории марбут ба маводи мухаддир ва расидан ба сулҳ аст.
Коршинос қайд кард, ки Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) мефаҳманд, ки эҳёи Аморати Исломӣ дар шакли пешинааш на аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва на аз ҷониби аксарияти мардуми Афғонистон пазируфта нахоҳад шуд.
"Онҳо нақши пешбарандаи исломро дар ҳаёти ҷомеаи Афғонистон ҷонибдорӣ мекунанд. Аммо барои ин онҳо бояд бо ин ҷомеаи афғон дар бораи принсипҳои ташаккули сохтори ояндаи давлатӣ мувофиқа кунанд", - гуфт сиёсатмадори рус.
Кобулов афзуд, ки Русия ҳарду ҷониби муноқишаи Афғонистонро ба сӯи ташкили роҳбарияти давраи гузариш ба эътилоф ҳидоят мекунад.