Ҳамлаи марди мусаллаҳ ба боғча дар Чин: 16 кӯдак ва ду мураббӣ захмӣ шуданд

Феълан ду тарбиятгирандаи боғчаи кӯдакона дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд. Пизишкон вазъияти онҳоро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апрел - Sputnik. Дар Чин як марди мусаллаҳ ба боғчаи кӯдакон ҳамла кард ва дасти кам 18 нафар ҷароҳатдор шуданд, менависад РИА Новости бо истинод ба Маркази телевизиони Чин.
Ба иттилои манбаъ, ҳамлаи мусаллаҳона дар шаҳри Бэйлюи ноҳияи автономии Чжуан рух додааст, ки дар натиҷа 16 кӯдак ва ду мураббӣ аз олоти халандаю буранда. захм бардоштанд.
Манбаъ меафзояд, ҳоло ду ноболиғ дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор доранд ва пизишкон вазъияти онҳоро вазнин арзёбӣ мекунанд.
Марди мусаллаҳ аллакай аз ҷониби пулис боздошт шудааст.
То замони нашр шудани ин хабар, далели ин амали нангин ва силоҳи сарде, ки бо он муссалаҳ буд, ифшо нашудааст.
Бояд гуфт, ин нахустин ҳодисаи ҳамлаи мусаллаҳона ба боғчаи кӯдакон дар ин давлат набуда, ҳанӯз моҳи июни соли 2020, марде бо корд ба муассисаи томактабӣ дар ноҳияи мазкур ҳамла кард, ки дар натиҷа 40 нафар шадидан маҷрӯҳ гардиданд.