ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Бар асоси фармони раисиҷумҳур, Миҷгона Бобоҷонзода баробари таъйинаш ба мақоми омбудсмени кӯдак, инчунин муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Бо фармони дигар, Ҳабибулозода Раҷабмо Ҳабибуло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон озод гардид.
Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода аз замони таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – аз соли 2016 раҳбарии онро ба зима дошт.
Дар фармон, далели барканории Раҷабмо Ҳабибулозода гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо феълан маълум нест, ки ӯ чӣ мақом хоҳад гирифт.
Фармонҳои раисиҷумҳур баъди он ба имзо расиданд, ки Маҷлиси намояндагони кишвар пешниҳодҳояш барои анҷоми тағйироти мазкур ҷонибдорӣ намуд.
Роҳбари нави Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Миҷгона Бобоҷонзода қабл аз расидан ба ин вазифа ҳамчун сармутахассиси Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолият кардааст.