Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар ВКХ, маориф ва сохторҳои низомӣ: Раҳмон гуфт содиқона хизмат кунед

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар якқатор Вазорату идораҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ карда, кадрҳои таъиншударо ба хизмати содиқона даъват намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул таъйин кард ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад котиботи кишвардори Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, раисиҷумҳур масъулини сохторҳои ВКХ, маориф, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, намояндагиҳои Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалӣ, Хадамоти зиддиинҳисориро ҷо ба ҷо кард.
Зимни мулоқот, Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи имрӯзаи мураккабу печидаи сиёсиву иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ёдовар шудаааст.
Ӯ таъкид намудааст, ки кадрҳои таъиншуда бо донишу маҳорати касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон метавонанд дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат намоянд.
Тағйироти кадрӣ дар вазорати маориф: Латофат Назирӣ аз мақомаш барканор шуд
Кишвардор дастур додааст, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшиш намоянд ва манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд.
"Бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватани худ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад," – таъкид намудааст, Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми суҳбат.