Генерал Шойгу: Русияву Тоҷикистон низоми муштараки дифои ҳавоӣ месозанд

Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар самти таҳдидҳои беруна густариш хоҳанд дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апрел - Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфт, Русияву Тоҷикистон дар бораи ташкили як низоми муштараки дифои ҳавоӣ ба мувофиқа расиданд.

"Бо мақсади устувории ҳифзи сарҳади давлатӣ дар ҳарими ҳавоӣ, мо лоиҳаи созишнома дар бораи ташкили низоми муштараки минтақавии дифои ҳавоии Русия ва Тоҷикистонро омода кардем", - гуфт вазир, зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Шерали Мирзо.

Вазири дифои Русия афзуд, ки дар ояндаи наздик созишнома байни кишварҳо ба имзо хоҳад расид.
Раҳмон ва Шойгу амнияти минтақавиро баррасӣ карданд
Вай инчунин вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзоро ба Конфронси нуҳуми Маскав оид ба амнияти байналмилалӣ, Форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникӣ ва AРМИ-2021 даъват кард.
Ёдрас мешавем, ки ахиран вазири дифои Русия барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъи СААД вориди Душанбе шуд.
Сергей Шойгу зимни сафари худ инчунин бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Гуфта шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили амнияти минтақавиро баррасӣ намуданд.