Шойгу: вазъ дар Афғонистон таназзул мекунад

Русия ва Тоҷикистон ба таҳдидҳои беруна посухи муштарак омода мекунанд. Ҳоли ҳозир дар шакли тамрин.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу вазъ дар Афғонистонро арзёбӣ кард. Вай изҳор дошт, ки аҳвол дар кишвар дар ҳоли таназзул аст.
Ҳамчунин Шойгу афзуд, ки ин боиси омодагии Русия ва Тоҷикистон ба рафъи муштараки таҳдидҳои эҳтимолӣ мегардад.
Вазири мудофиаи Русия таъкид кард, ки Тоҷикистону Русия мақсадҳои муштарак дар таъмини амният ва нигоҳдории субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ доранд.
Раҳмон ва Шойгу амнияти минтақавиро баррасӣ карданд
Ёдрас мешавем, Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия дирӯз бо мақсади ширкат дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СПАД ба Душанбе парвоз кард.
Ҳамчунин Шойгу бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард, ки дар он ҷонибҳо масоили масоили амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.